Tajiki Language Learning Podcasts   /     Tajiki podcast 121605

Summary

Лафзи ширин Дар боло ишорае кардем ба вазъи омӯзиши забони тоҷикӣ дар худи Тоҷикистон. Устоди устодони Тоҷикистон, раиси Фарҳангистони улуми омӯзгорӣ Муҳаммадуллоҳ Лутфуллоев солҳо мегуфт, омӯзиши забон бояд аз синни 2-3-солагӣ шурӯъ шавад ва аз ҳамон вақт бояд забони дуруст ба кӯдак омӯзонида. Академик Лутфуллоев барои ин китоберо бо номи "Лафзи ширин" таҳия карда буд, ки солҳо наметавонист чоп кунад. Давлат пули чопи чунин китобҳоро надорад. Инак, хабари хуш, китобро як соҳибкори ҷавони тоҷик бе ягон андешаи фоидаи молӣ ба чоп расонд. Ба ин муносибат ҳамнафаси мо Раҳматкарими Давлат бо муаллиф вохӯрд ва андешаҳои ӯву устодони дигарро дар як гузориш гирд овард. Донишманди маъруфи эронӣ Сайид Нафисӣ Бухоро ва Самарқандро зодгоҳи забони форсӣ мешуморад ва онро ба дарахти азиме монанд мекунад, ки бо вуҷуди зард шудани баргҳояш дар фаслҳои хазон реша дар таърихи ҳазорсола дорад. Оё имрӯз форсии тоҷикӣ дар Бухоро дар чи ҳол аст? Пурсидем аз нависандаи шинохташуда Асад Гулзодаи Бухороӣ. Дар посух гуфт, омӯзиши забон аз кӯдакӣ сар мешавад, аммо кӯдакони мо дар боғча "офтоб"-ро "қуёш" мегӯянд ва вақте ки мактаби тоҷикӣ нест, матбуоти тоҷикӣ заъиф аст ва тоҷикон дар Ӯзбакистон ояндаи забону фарҳанги худро намебинанд, дилсард мешаванд ва забон рӯ ба пажмурдагӣ меорад. Асад Гулзодаи Бухороӣ, нависанда ва журналисти саршиноси тоҷик махсусан аз қатъ шудани робитаҳои фарҳангӣ, сафари театрҳои тоҷикӣ ба Бухоро шикоят мекунад. Истиқлолияти кишварҳои Осиёи Марказӣ аз як сӯ имкони пуштибониро аз забонҳои миллӣ дар қаламрави ҳамдигар ба вуҷуд овард, аз сӯи дигар ин ҳукуматҳоро нисбат ба забонҳои ғайрихудӣ дар қаламрави хеш бепарво ва ҳатто мутахосим кард.Ва бехабарӣ аз таҳаввулоте ки дар забони миллӣ дар ин кишварҳо ба амал меояд, пояҳои онро дар мамолики ҳамсоя заъиф мегардонад. Донишманди саршиноси тоҷик Мӯҳсини Умарзода мегӯяд, дигаргуниҳое ки имрӯз дар забони тоҷикӣ дар Тоҷикистон рӯй медиҳанд, махсусан зоҳир шудани майли бештар ба лаҳҷа ва шеваҳо низ таъсири муҳлик дорад ва тоҷикони Ӯзбакистонро аз омӯзиши тоҷикӣ дур мекунад.

Subtitle
Authentic listening materials for students of Tajiki from CeLCAR
Duration
3:05
Publishing date
2005-12-16 20:00
Link
http://www.indiana.edu/~celcar/podcasts/tajiki/tajik121605.mp3
Contributors
  СeLCAR, Indiana University
author  
Enclosures
http://www.indiana.edu/~celcar/podcasts/tajiki/tajik121605.mp3
audio/mpeg