рофи миён ва дигаре ба болои китфҳо партофта мешавад. Сари мардон бояд кушода бошад, вале занон чодар мепӯшанд. Зоирон ҳангоми ба ҷо овардани ҳаҷ чанд маросимро иҷро мекунанд. Барои тавофи Каъба зоирон бо пои рост аз Дор-ус-салом ба Масҷид-ул ҳарам ворид мешаванд. Онҳо ба санги муқаддаси Каъба наздик шуда, онро мебӯсанд ва ё бо дасташон мерасанд. Сипас онҳо бояд ҳафт маротиба дар атрофи Каъба давр зананд. Баъд аз он дасти ростро боло бардошта , ба худо ва пайғамбари ӯ салавот мехонанд. Пас аз тавоф давидан дар байни ду теппаи Ас-Сафо ва Ал- Марва оғоз мешавад. Дар дини ислом чанд қаринаи пайдоиши ин анъана мавҷуд аст ва яке аз онҳо - дар ҷустутҷӯи об ҳафт маротиба давидани Ҳоҷар мебошад. Сипас мусулмонон ба водии Арафот равон мешаванд. Қисме аз онҳо дар водии Мино ва қисме дар водии Арафот ҷойгир мешаванд. Рӯзи 9- уми зулҳиҷҷа дар инҷо хутба хонда мешавад ва зоирон намоз мехонанд. Пас аз ғуруби офтоб онҳо давон ба водии Муздалифа мераванд ва рӯзи дигар, 10 зулҳиҷҷа, ба водии Мино равон шуда, ба се сутуне, ки рамзи шайтон аст санг мепартоянд. Пас аз маросими сангпартоӣ аз тоҷирони дар ҳамин ҷо ҷойгиршуда гӯсфандҳоро мехаранд ва қурбонӣ мекунанд. Пас аз он бори дигар маросими тавофро ба ҷо меоранд. Рӯзи даҳуми моҳи зулҳиҷҷа рӯзи иди Қурбон аст ва дар саросари ҷаҳон мусулмонон ин рӯзро ҷашн мегиранд. Гӯшти чорвои қурбонишуда ба мардуми мӯҳтоҷ тақсим карда мешавад. Соли равон гӯшти ҳамаи гӯсфандҳои қурбонишуда ба осебдидагони заминларзаи Покистон равон гардид. Пас аз тамом шудани ҳаҷ зоирон ҳоҷӣ номида мешаванд ва саллаи сабз мебанданд. Ин аст таърих ва давраҳои баргузории ҳаҷ ва ҷашнгирии Иди Қурбон.