Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи бозсозии пойтахтро баҳс хоҳад кард Матлубхон Халифаев-раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон зимни як нишасти хабарӣ гуфт, нақшаи нави кулли шаҳри Душанбе дар соли ҷорӣ таҳия хоҳад шуд. Ба гуфти оқои Халифаев, дар ҳоли ҳозир вазорати иқтисод ва тиҷорат ҳаҷми хароҷоти ин тарҳро ҳисоб мекунад. Бар пояи ин нақша қарор аст дар шаҳри Душанбе роҳҳои мошингард таҷдиду тармим гардида, манзилҳои нави истиқоматӣ бунёд шавад. Ҳамзамон баррасии ин масъала рӯзи ҷумъаи 27 январ дар ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон дар назар аст. Раиси кумитаи сохтмон ва меъморӣ ҳамчунин хабар дод, ки барномаи бозсозии шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон то 25 августи соли ҷорӣ такмил хоҳад ёфт. Дар моҳи сентябр 2700-солагии шаҳри Кӯлоб таҷлил мегардад ва то он замон дар ин шаҳр бояд 57 бинои нав сохта шавад. Оқои Халифаев сару садоҳо дар мавриди кашфи далелҳои ришватситонӣ дар миёни муассисаҳои сохтмони Кӯлобро рад карда гуфт: "Дар соли гузаштаи 2005 аз сӯи Кумитаи сохтмон ва меъморӣ мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ барои 12 ҳазор хонанда ва дармонгоҳҳо барои қабули беш аз 800 нафар бунёд шудааст. Ҳамзамон бо дастгирии молии созмонҳои байналмилалӣ 168 таълимгоҳ ва бунгоҳи тиббӣ барои 1200 нафар сохта шудааст." Раиси Кумитаи сохтмон ва меъморӣ Матлубхон Халифаев ҳамзамон гуфт, ки сохтмони бинои нав барои осебдидагони парваришгоҳи «Чорбоғ» то 9-уми сентябри соли равон дар ноҳияи Варзоб ба итмом расида, кӯдакони маълул ба бинои нав кӯчонида мешаванд. Ширкати «Сангтӯда-1» гуфтааст, ки барои сохтмони бинои нави парваришгоҳ як миллион рубли русӣ ихтисос медиҳад.