Tajiki Language Learning Podcasts   /     Tajiki podcast 021006

Summary

Душанбе Деҳаи Душанбе дар қисми ҷанубии кӯҳҳои Ҳисор ва дар дараи дарёи Варзоб ҷойгир буд. Мувофиқи маълумотҳои таърихӣ аз солҳои 1676 дар ин деҳа ҳар рӯзи душанбе бозор ташкил мешуд ва мардум барои фурӯхтани озуқа ва харид кардани маҳсулоти зарурӣ ба ин ҷо ҷамъ меомаданд. Соли 1920 амири Бухоро пас аз сарнагун гаштани ҳокимияташ ва пеш аз муҳоҷираташ ба Афғонистон дар ин деҳа истиқомат карда буд. Соли 1929, вақте ки Ҷумҳурии мухтори Тоҷикистон, ки пештар дар ҳайати Ӯзбакистон буд, ба Ҷумҳурии мустақили Тоҷикистони шӯравӣ табдил шуд, ҳамин деҳаи Душанбе пойтахти он эълон гардид. Аз соли 1929 то соли 1961 шаҳри Душанбе Сталинобод ном дошт. Дар ин муддат дар шаҳр биноҳои зиёди истиқоматӣ, кӯча ва хиёбонҳо, мактабу донишгоҳҳо, беморхонаҳо ва бозорҳои калон сохта шуданд. Соли 1961 номи қадимии шаҳр барқарор карда шуд. Пас аз эълони истиқлоли Тоҷикистон шаҳри Душанбе ҳамчун маркази ваҳдати тоҷикон боз машҳуртар шуд. Ҳамаи вохӯриҳои раисҷумҳури Тоҷикистон бо мақомоти олии кишварҳои дигар, маҷлису конфронсҳои байналмилалӣ дар ин шаҳр барпо мешаванд. Соли 2004 тоҷикон 80- солагии шаҳрро ҷашн гирифтанд. Шаҳри Душанбе шаҳри офтобӣ, шаҳри дӯстӣ ва зебост.

Subtitle
Authentic listening materials for students of Tajiki from CeLCAR
Duration
3:05
Publishing date
2006-02-10 20:00
Link
http://www.indiana.edu/~celcar/podcasts/tajiki/tajik021006.mp3
Contributors
  CeLCAR, Indiana University
author  
Enclosures
http://www.indiana.edu/~celcar/podcasts/tajiki/tajik021006.mp3
audio/mpeg