Tajiki Language Learning Podcasts   /     Tajiki podcast 022406

Summary

Хони наврӯзӣ Ороиши хони наврӯзӣ яке аз суннатҳои деринаи мардуми тоҷик аст. Барои ҷашн гирифтани соли нав тоҷикон анвои гуногуни хӯрок ва шириниҳоро пухта, ҳунару маҳорати пазандагии худро намоиш медиҳанд. Тарзи ороиш ва гузоштани намудҳои гуногуни нуқлу наво дар рӯи хони наврӯзӣ низ анъанаи аҷибест. Дар ин байн суфра ва ё хони ҳафтсин хеле машҳур аст. Рақами ҳафт дар таърихи мардуми эронитабор рамзи хуб дорад. Суфраи ҳафтсин дар замонҳои қадим аз ҳафт чизе иборат буд, ки ҳар яки он чун рамзи қувваҳои некӣ ва ҳимоят аз бадӣ истифода мешуд. Тадриҷан ба он дигаргуниҳо дароварда шуданд. Вале анъанаи суфраи ҳафтсин, ки номи ҳар як чизи он дар имлои алифбои арабӣ бо ҳарфи син оғоз мегардад, то имрӯз боқӣ мондааст. Дар байни мардуми тоҷик гузоштани чизҳои зерин дар хони ҳафтсин ҳамчун анъана қабул шудааст: 1. Сабза-тақрибан ду-се ҳафта пеш аз ҷашни Наврӯзӣ дар рӯи табақ донаҳои гандумро сабз мекунанд. То рӯзи Наврӯз ин гандум ба дарозии як ваҷаб сабзида, хеле хушнамуд мешавад. Сабза рамзи сабзиш ва ҳосили хуб дар соли нав мебошад. 2. Себ - дар сарзаминҳои Мовароуннаҳру Хуросон меваи тару тозае, ки то Наврӯз мерасад, себ аст. Инчунин мева рамзи ҳосили хуб ва тарутозагӣ мебошад. 3. Сикка - танга, пули филизӣ . 4. Сирка - моеъи махсусе, ки аз анвоъи меваҳо таҳия шуда, барои тайёр кардани хӯришҳо истифода мешавад. 5. Сипанд - ҳазориспанд. Гиёҳи хеле машҳури мардуми Машриқзамин аст, ки дар тибби халқӣ аз замонҳои Абӯалӣ ибни Сино ва ҳатто пештар аз он машҳур будааст. Сипанд ва тухми он барои бемориҳои гуногун давои хубест. Инчунин гиёҳи хушккардаи онро мардум барои дафъ кардани чашми бад дуд мекунанд. Аз ин рӯ, бо мақсади дур кардани ҳама қувваҳои бадӣ дар хони наврӯзӣ сипанд гузошта мешавад. 6. Сир - он ҳам чизи шифобахш ва чошнии серистеъмол аст. 7. Суманак - ғизои махсуси наврӯзист, ки аз кӯфтаи сабзаи гандум, равған ва орд таҳия мешавад ва дар дегҳои калон бо иштироки ҳамаи мардуми деҳа ё гузар дар давоми як шабонарӯз пухта мешавад. Пас аз тайёр шуданаш суманакро ёру дӯстон тақсим мекунанд. Суфраи ҳафт син рамзи хубӣ, некӣ ва равшаниву покӣ аст.

Subtitle
Authentic listening materials for students of Tajiki from CeLCAR
Duration
3:05
Publishing date
2006-02-24 20:00
Link
http://www.indiana.edu/~celcar/podcasts/tajiki/tajik022406.mp3
Contributors
  CeLCAR, Indiana University
author  
Enclosures
http://www.indiana.edu/~celcar/podcasts/tajiki/tajik022406.mp3
audio/mpeg