Суманак Суманак ғизои махсуси наврӯзӣ аст. Барои пухтани он мардум ду- се ҳафта пеш аз ҷашни Наврӯз тайёрӣ дида, дар табақҳои калон донаҳои гандумро сабз мекунанд. То вақти пухтани суманак дароизии сабза бояд ба як ваҷаб расад. Одатан мегӯянд, ки агар қади сабза аз як ваҷаб дарозтар бошад, маззаи суманак талх мешавад. Вақте ки сабзаи гандум тайёр шуд, онро мекӯбанд. Барои тайёр кардани суманак боз орд ва равған лозим аст. Дар рӯи ҳавлӣ деги калонеро ба рӯи оташдон мегузоранд. Мувофиқи анъана зани калонсоли маҳалла, ки сазовори эҳтироми хурду калон мебошад, равғанро ба дег меандозад. Баъд аз он шираи сабза ва ордро меандозанд. Деги суманакро ҳамеша бо кафгирҳои калон кофтан лозим аст. Ба зери дег чор-панҷ дона сангчаи хурд мепартоянд, то ки суманак ба зери дег начаспад. Суманакро дар давоми як шабонарӯз мепазанд ва аз ин рӯ барои пухтани он хурду калони маҳалла ё деҳа даъват карда мешаванд. Дегро ҳама бо навбат мекобанд. Ҳангоми бонавбат кофтани дег занон доира менавозанд, суруд мехонанд ва мерақсанд. Кӯдакон дар атрофи дег бозӣ мекунанд. Ин байт дар бораи суманак дар байни мардуми тоҷик хеле машҳур аст: Суманак дар ҷӯш мо кафча занем, Дигарон дар хоб мо дафча занем. Аввали шаб деги суманакро дам мекунанд ва то рӯзи дигар онро намекушоянд. Пас аз тайёр шудани суманак хурду калон онро тақсим мекунанд. Суманак зеби дастархони наврӯзӣ аст.